Таджицько-японська книга-білінгва
Мо, иштирокчиёни ҳаракати умумиҷаҳонӣ дар роҳи рушду интишори эсперанто, бо ин манифест ба тамоми ҳукуматҳо, муассисаҳои байналмилали ва кулли одамони некирода муроҷиат карда қотеона изҳор менамоем, ки минбаъд низ мутобиқи мақсадҳои дар поён баёншуда амал мекунем ва ба ҳар кас ва ҳар ташкилот пешниход менамоем, ки дар ҳаракати мо ширкат ҷӯянд.
私たち、エスペラントの発展のための世界的な運動に加わる者たちは、この宣言をすべての政府、国際組織および良心ある人々に対して送り、ここに表明された目標に向けて私たちが不退転の決意をもって活動し続けることを宣言するとともに、それぞれの組織と個人とが私たちのこの努力に加わるよう呼びかける。
Эсперанто, ки лоиҳаи он чун забони ёрирасони байналмилалии муошират соли 1887 ба вуҷуд омада хеле зуд ба сатҳи забони вусъатёфтаи фаъолу фасеҳ расидааст, бештар аз сад сол боз одамонро сарфи назар аз мавҷудияти монеаҳои забонию фарҳангӣ муттаҳид мекунад. Дар ин муддат мақсади ҷонибдорони эсперанто аҳамият ва зарурати худро гум накардааст. На истифодаи оламшумули чандин забонҳои миллӣ, на пешрафти техникӣ дар соҳаи робитаю алоқа, на бунёди усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ принсипҳои зеринро, ки мо барои сохтори одилона ва босамари муоширати байналмилалӣ асосӣ шумурдем, дар амалия ҷорӣ карда наметавонад.
エスペラントは、1887年に国際的コミュニケーションのための補助言語案として提唱された後、生命力と表現力に富んだ言語へと速やかな発達を遂げ、すでに一世紀以上にわたって言語と文化の壁を越えて人々を結びつける働きを果たしてきた。エスペラントの使用者たちが目指してきた理想は今なお重要性と現代的意義を失っていない。私たちは公正で効果的な言語秩序のためには以下に述べる原則が必須であると考えるが、いずれかの民族語を世界語として使用しても、また今後いかに通信技術が進歩し、新しい言語教育法が開発されるにしても、これらの原則を実現することはできないであろう。
1. Демократизм
1. 民主性
Системаи робита, ки ба яке имтиёзи демократӣ медиҳад, вале аз дигаре солҳо касби имкониятҳои камро тақозо мекунад, дар бунёди хеш демократӣ нест. Гарчанде ки эсперанто чун ҳар забони комил нест, он дар соҳаи мубодилаи байналхалқии забонҳо аз тамоми мухолифони худ хеле бартарӣ дорад.
あるコミュニケーションのしくみが、特定の人々には一生涯の特権を与える一方で、他の人々にはより低い段階の能力の獲得にさえ多年の努力をつぎ込むよう求めるなら、それは根本において反民主的なものである。エスペラントは、他の言語と同様に、完全ではないが、平等な全世界的コミュニケーションという領域では、どの競合する言語に比べてもはるかにまさっている。
Ба пиндошти мо,нобаробарии забонҳо нобаробариро дар муносибат бо тамоми савияҳо, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд меорад. Мо — ҷунбиш ба сӯи муносибатҳои демократӣ ҳастем.
言語の不平等は、国際レベルを含めたあらゆるレベルにおいて、コミュニケーションの不平等を生み出すものであると、私たちは主張する。私たちの運動は民主的なコミュニケーションを目指すものである。
2. Тарбияи фавқулмиллӣ
2. 民族性を超えた教育
ҳар кадом забони миллӣ бо фарҳанги муайян ва халқ (халқҳо) пайванд аст. Масалан, касе, ки забони англисиро меомӯзад, роҷеъ ба фарҳанг, ҷуғрофия, сиёсати кишварҳои англисизабон, хусусан ИМА ва Британия Кабир дониш ба даст меорад. Талабае, ки эсперанторо меомӯзад, дар бораи ҷаҳони бесарҳад, ки дар он ҳар як кишвар хонаи хеш тасаввур мешавад, дониш мегирад.
民族語はそれぞれ特定の文化・国家と結びついている。例えば、英語を学習する生徒は英語圏の諸国、特にアメリカ合衆国とイギリスの文化・地理・政治について学ぶことになる。それに対してエスペラントを学習する生徒は、国境のない世界について学ぶのであって、そこではどの国も故国と見なされる。
Ба пиндошти мо, тарбия тавассути ҳар забони миллӣ бо ҷаҳонбинии муайян иртибот дорад. Мо — ҷунбиш дар роҳи тарбияи фавқулмиллӣ ҳастем.
いずれの民族語を用いた教育も特定の世界観に結びついていると、私たちは主張する。私たちの運動は民族性を超えた教育を目指すものである。
3. Самарабахшии таълим
3. 教育上の効果
Фақат фоизи ночизи омӯзандагони забони хориҷӣ онро ёд мегиранд. Ба таври комил аз худ кардани забони эсперанто ҳатто бо омӯзиши мустақилона имконпазир аст. Тадқиқотҳои гуногун аҳамияти пропедевтикии эсперанторо барои омӯхтани дигар забонҳо нишон доданд. Эсперанторо чун асоси инкишофи шуури забонии хонанда тавсия мекунанд.
外国語を学習する人の中で、それを習得できる人の割合はごく低い。それに対してエスペラントの習得は独習によっても可能であり、他の言語を学ぶための予備的学習としての効果についてもさまざまな研究報告がある。また、生徒の言語意識を高めるための教科においてエスペラントを中核に位置づけるよう勧める声もある。
Ба пиндошти мо, мураккабии забонҳои миллӣ ҳамеша монеаест барои аксари хонандагон, ки дар роҳи аз худ кардани забони дуюм бешак манфиат хоҳанд бардошт. Мо — ҷунбиш барои самарабахшии таълими забонҳо ҳастем.
民族語の学習は難しく、第二言語の知識があればそれによって益を受けるはずの多くの学習者にとって常に障害となり続けるであろうと、私たちは主張する。私たちの運動は効果的な言語教育を目指すものである。
4. Чандзабонӣ
4. 多言語性
Ҷамъияти эсперантодонон яке аз камтарин ҷамъиятҳои забонии умумиҷаҳониест, ки тамоми аъзои он, бе истисно дузабона ё бисёрзабонаанд. ҳар узви ин ҷамъият ба қароре омадааст, ки ғайр аз забони модарӣ ақаллан як забонро дар сатҳи шифоҳиӣ омӯзад. Дар аксар маврид ин ба омӯхтани забонҳои бисёр ва дилбастагӣ ба онҳо, одатан, ба вусъати доираи дониш меорад.
エスペラントの共同体は、その構成員が例外なく二つ以上の言語を話すという、世界的規模の言語共同体としては数少ない例の一つである。構成員はそれぞれ、少なくとも一つの非母語を会話のできる程度まで学ぶことを自己に課している。多くの場合、このことは複数の言語に対する知識と愛着をもたらし、ひいてはその人の視野をより広くすることにつながっている。
Ба фикри мо одамоне, ки ба забонҳои гуногун , бузург ё хурд гуфтугӯ мекунанд, бояд имконияти ҳақиқии омӯхтани забони дуюмро дар сатҳи баланди муошират дошта бошанд. Мо — ҷунбиш барои ба ихтиёри хавасманди омухтани забон вогузоштани ин имконият ҳастем.
どの言語の話し手にも、その言語の大小を問わず、コミュニケーションが可能な高い水準まで第二言語を習得する現実的な機会が与えられていてしかるべきだと、私たちは主張する。私たちの運動はその機会を提供するものである。
5. Ҳуқуқҳои забонӣ
5. 言語上の権利
Интишори нобаробарҳукуқии забонҳо — сарчашмаи доимии фишори забон ва зулми мустакими забон бар ҳақки аксари аҳолии сайёра мебошад. Дар муҳити эсперантодонон ба туфайли тамоюли дутарафа доштан ба созиш одамоне, ки ба забонҳои хурду бузург, расмӣ ва ғайрирасмӣ гуфтугӯ мекунанд, дар сарзамини бетараф вомехӯранд. Чунин мувозинати байни ҳуқукӣ ва масъулияти забонҳо собиқаеро барои инкишоф ва омӯзиши тарзҳои алтернативии бартараф намудани нобаробарии забонҳо ва ҳалли низоъхои забонӣ эҷод кард.
言語間に力の不平等があることは、世界の大部分の人々にとって、言語的な危機感をもたらし、ときには直接の言語的抑圧となっている。エスペラントの共同体では、母語の大小や公用・非公用を問わず、互いの寛容の精神によって、中立の場に集っている。このような言語における権利と責任の間のバランスは、言語の不平等や紛争に対する新しい解決策を進展させ評価するための先例となるものである。
Мо чунин мешуморем, ки мавҷудияти номутаносибӣ дар соҳаи истифодаи забонҳо ба кафолати баробарҳуқуқии берун аз вобастагии забон, ки дар бисёр созишномахои байналмилалӣ эълон шудаанд, халал мерасонад. Мо — ҷунбиш барои баробарҳуқуқии забон ҳастем.
いずれの言語にも平等な取り扱いを保証する旨が多くの国際的文書に表明されているが、言語間の力の大きな格差はその保証を危うくするものであると、私たちは主張する。私たちの運動は言語上の権利の保証を目指すものである。
6. Гуногунзабонӣ
6. 言語の多様性
Ҳукуматҳои мамлакатҳои гуногун майл доранд, ки гуногунзабониро чун монеаи муошират ва инкишоф шуморанд. Вале барои ҷомеаи эсперантодонон гуногунзабонӣ манбаи доимӣ ва ҷудонопазирӣи сарватмандист. Мутобиқи ин ҳар забон мисли ҳар чизи табиати зинда арзиши мустақил дорад ва ҳимояту дасгириро мехоҳад.
諸国の政府は往々にして世界における言語の多様性をコミュニケーションと社会発展にとっての障害とみなしがちである。しかし、エスペラントの共同体にとっては、言語の多様性は尽きることなく欠くことのできない豊かさの源泉である。したがって、それぞれの言語はあらゆる生物種と同様にそれ自身すでに価値があり、保護し維持するに値するものである。
Мо чунин мешуморем, ки сиёсати алоқа ва инкишоф, агар он ба эҳтиром ва дастгирии тамоми забонҳо асос ёфта набошад, аксарияти забонҳои оламро ба маҳвшавӣ гирифтор мекунад. Мо — ҷунбиш барои гуногунзабонием.
もしコミュニケーションと発展に関する政策がすべての言語の尊重と支持に基礎を置くものでないならば、それは世界の大多数の言語に死を宣告するものであると、私たちは主張する。私たちの運動は言語の多様性を目指すものである。
7. Озодии инсон
7. 人間の解放
Ҳар як забон ба соҳибони худ имконияти гуфтугӯ байни ҳамдигарро дода барои робита барқарор кардан бо бегоназабонҳо монеа эҷод мекунад. Эсперанто, ки чун воситаи алоқаи байналмилалӣ эҷод шуда буд, яке аз лоиҳахои бузурги воқеан амалкунандаи озодии инсон аст, лоиҳаест, ки ба ҳар кас нигоҳ доштани равобити бо решахои фарҳангӣ ва забониаш гузошта, имконияти дар иттиҳоди инсоният иштирок намуданро медиҳад, вале бо ин маҳдуд намешавад.
いかなる言語も、その使用者間のコミュニケーションを可能にすることによって人々を自由にしている一方で、他の人々とのコミュニケーションを阻害することによって不自由にもしている。全世界的なコミュニケーションの道具として立案されたエスペラントは、人間解放の大きな実際的事業の一つである。すなわち、すべての人が各自の地域文化や言語的独自性にしっかりと根ざしていながらそれに制約されず、人類の共同体にその一員として参加することを可能にする事業なのである。
Мо аминем, ки истифодаи мустаснои забонҳои миллӣ ногузир ба пайдо шудани монеаҳо дар роҳи соҳиб шудани озодии хештангароӣ, робита ва ҳамкорӣ меорад. Мо — ҷунбиш барои озодии инсон ҳастем.
数ヶ国の民族語のみを使うことは自己表現やコミュニケーション、連帯の自由に対する障害となることが避けられないと、私たちは主張する。私たちの運動は人間の解放を目指すものである。
ш. Прага, июл с. 1996
Prago, jul. 1996
Реклама